Шахсони ҳалокшуда дар бозори масолеҳи сохтмони шаҳри Маскав зодагони Тоҷикистон будаанд, - хабар медиҳад Интерфакс бо такя ба як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Тибқи маълумоти пешакӣ ва пурсиши намояндагони бозор муайян шудааст, ки ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, дар бозор кор мекардаанд.

Субҳи имрӯз бар асари сӯхтори сарзада дар ангари бозори масолеҳи сохтмони қисмати ҷануби шаҳри Маскав 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Айни замон ҳуҷҷатҳои онҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Рӯзномаи ВЗГЛЯД менависад, муҳоҷирони корӣ дар дар бинои вагонмонанди оҳанӣ зиндагӣ карда, роҳи мустақими баромад ба кӯчаро надоштаанд.