Дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ 13 автомашинаи боркаш зери тарма монд. Тибқи маълумоти пешакӣ, як нафар ҳалок гардида, ду нафар бедарак шудаанд ва боз як нафари дигар ба бемористон мунтақил шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ин ҳодиса дар километри 79-уми роҳ ба вуқуъ пайваста, аввал як тарма роҳро банд мекунад ва чанде аз ронандагону мусофирон аз мошинҳо берун мешаванд. «Ин дам ногаҳон боз як тармаи баландиаш 25-30 метр ва дарозиаш ҳудуди 50 метр мефарояд», - гуфт дар суҳбати телефонӣ яке аз шоҳидони ҳодиса.

Ба гуфтаи ӯ, як машина тамоман корношоям, дигарӣ қисман зарар дида, мошинҳои боқимонда чандон осеб надидаанд.

Номбурда гуфт, дар макони ҳодиса корҳои наҷотдиҳиву ҷустуҷӯйӣ ва тозакунии роҳ ҷараён доранд.