Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, ки пойтахтро бо маркази маъмурии ВМКБ мепайвандад, якчанд ҳодисаҳои тармафароӣ ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КҲФ ва МГ-и назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, километрҳои 431 (қитъаи Тугак) ва 435-ум (қитъаи Оташак)-и роҳ дар ноҳияи Дарвоз зери тармаанд.

«Ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ муваққатан манъ аст. Дар бораи осебдидагон аз тарма маълумоте нарасидааст», - гуфт манбаъ ва таъкид намуд, ки корҳои тозакунии роҳ идома доранд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаракати нақлиёт тавассути дигар ағбаҳои куҳии ҷумҳурӣ – Хобуробод, Куртезак, Анзоб, Шаршар, Майхӯра, Чормағзак ва Фахробод ба таври маъмулӣ ҷараён дорад.