Бар асари муноқишаи ҷавонон, ки шоми рӯзи 26-уми август дар Душанбе рух дод, як ҷавони 20-сола ба ҳалокат расид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ба гумони даст доштан дар ин куштор мақомот афроди қаблан маҳкумшуда – Шералӣ Муродови 21-сола, Субҳонқул Тошзодаи 19-сола ва Шарифҷони Абдулазизи 22-соларо боздошт намудаанд.
Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки нимашаб ин се нафар ба як гурӯҳи ҷавонон – Сорбон Музаффарбеков 20-сола, Даврон Нозимов ва Ҷамшед Ибодови 22-сола дарафтода, Шералӣ Муродов бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои бадани Сорбон Музаффарбеков задаст, ки дар натиҷа ахирӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст», - хабар медиҳад ВКД.
Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.




Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста