Дар вилояти Суғд як ноболиғ сари чанбараки автомашинаи падараш нишаста, аз ӯҳдаи идораи он намебарояд ва дар натиҷа мошин ба садама дучор мегардад. Бар асари садама ронанда ва панҷ нафар ҳамсолони ӯ осеб диданд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, ин ҳодиса нимашаби рӯзи сешанбе дар ноҳияи Панҷакент рух додааст. Толибилми синфи 9 Акбар Воситов дӯстонашаро бо автомашинаи тамғаи «Ланос»-и падараш ба саёҳат бурданӣ шуда, вале дар роҳи мошингарди Панҷакент-Айнӣ, дар қаламрави деҳоти Шӯрноваи Поёни ҷамоати Саразм ӯ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина чаппа мешавад.

Ҳамаи ноболиғон бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент бистарӣ шудаанд.