Дар як садамаи нақлиёт дар Душанбе журналисти тоҷик ҷароҳати вазнин бардошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА ВКД ҶТ хабар доданд, садамаи нақлиёт шоми рӯзи сешанбе каме дуртар аз Боғи ҳайвоноти пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст.

«Ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» Айёмиддини 22-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» таҳти идораи ҳамсоли худ Ҷавоншери Фирӯз бармехӯрад», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, бар асари ин бархӯрд ду мусофири автомашинаи «Тойота-Ландкрузер», ронандаи автомашинаи «Тойота-Камри» ва мусофири он – журналисти 46-солаи хадамоти форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарианд.

Айни замон маълум аст, ки Искандари Фирӯз дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» наздикони журналист иттилоъ доданд, айни замон ба назди Искандари Фирӯз ҳеҷ касро роҳ намедиҳанд. «Табибон ба мо гуфтанд, ки ӯ боре ба ҳуш омада, феълан боз беҳуш аст. Писараш низ бистарӣ аст, вале ба ҳаёти ӯ чизе таҳдид намекунад», - изҳор карданд хешовандони рӯзноманигор.

Ба қавли хешовандону ҳамкорони рӯзноманигор, устухонҳои пойҳои И.Фирӯз шикастаанд, зеро ҳангоми бархӯрд Искандар дар курсии пеш нишаста будааст.