Бар асари сӯхтор дар яке аз хонаҳои истиқоматии шаҳри Екатеринбурги Русия се нафар муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расиданд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо истинод ба маълумоти Консулгарии сафорат дар шаҳри Екатеринбург ин хабарро таъйид намуда, иттилоъ медиҳад, ки шаби 22-юми майи соли равон дар натиҷаи бо ҳам печидани ноқилҳои барқӣ дар боми ин хонаи истиқоматӣ сӯхтор сар зада, дар натиҷа се нафар муҳоҷири меҳнатии тоҷик ҳалок ва 6 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористонҳои мухталифи шаҳр интиқол ёфтаанд. «Ҳувияти ҳамаи онҳо муайян гардидааст, эшон ҳамагӣ сокинони деҳаи Томини ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошанд», - зикр мегардад дар иттилои сафорат.
Ба қавли намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, феълан аз болои ин ҳодисаи нохуш Кумитаи тафтишотии ш. Екатеринбург парвандаи ҷиноӣ кушодааст. «Парвиз Асоев, консули генералии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург ин қазияро пурра зери назорати шахсии худ қарор додааст ва рӯзҳои наздик, баъди ба поён расидани тафтишот, ҷасади се тан аз муҳоҷирони тоҷик ба Ватан фиристода хоҳад шуд», - гуфт М.Эгамзод.
Зимнан зикр гардид, ки кормандони консулгарӣ аз ҳолу аҳволи 6 тани дигар, ки дар бемористон бистариянд, огоҳанд ва вазъи саломатии ду нафар нигаронкунандаву чор нафари дигар нисбатан хубтар аст.




“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста