Як шаҳрванди Афғонистон дар кордзанӣ ба ҳамсари худ гумонбар дониста мешавад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни як амалиёт кормандони милисаи шаҳри Чкаловск ба гумони даст доштан дар барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ шаҳрванди 24-солаи Афғонистон Муҳаммадфарҳод Хоҷимуҳаммади Ориёнро боздошт намудаанд, ки муваққатан дар шаҳри Хуҷанд иқомат доштааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда ба он гумонбар дониста мешавад, ки ҳангоми муноқишаи рухдода ба ҳамсари худ бо корд ҳафт зарба зада, ӯро захмӣ кардааст. Зан бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқимоддаи 110, қ. 2-и КҶ ҶТ (Барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.



Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста