Бо мақсади коҳиш додани хавфу хатари офатҳои табиӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ 2 гурӯҳи ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ таъсис ёфт.

Тавре дар варақаи иттилоотии Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) зикр гаштааст, таъсисёбии  гурӯҳҳои мазкур аз  ҷ ониби ин ташкилот дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бо дастгирии молиявии департаменти Комиссияи Аврупо оид ба кӯмакҳои башардӯстона ва муҳофизати шаҳрвандӣ  (ECHO) дар доираи Барномаи омодагӣ ба офатҳои табиии марҳилаи 7-ум (ДИПЕКО) имконпазир гаштааст.

Гурӯҳи 20-нафарае, ки аз намояндагони Хадамоти сухторхомӯшкунии вилоят, гурӯҳи  посухдиҳӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи ҷамоат ва гурӯҳи посухдиҳӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи ташкилоти ФОКУС иборат аст, моҳҳои июн ва сентябри соли ҷорӣ омӯзишҳои махсусро гузаштанд. Давраҳои омӯзишӣ аз рӯйи стандартҳои байналмилалӣ оиди ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ - (INSARAG) аз тарафи ташкилоти байналхалқӣ аз Фаронса Pompiers de l''Urgence Internationale (PUI) гузаронда шуд, ки бо офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ сарукор доштанд.

Бонки Ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати хеле осебпазир шинохта, онро ноустувор ба  ҳолатҳои фавқулодда ва тағйироти иқлим дар Авруосиё арзёбӣ мекнад. Аҳолии баландкӯҳҳои  дурдасти Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ, аз қабили сел, ярч, тарма ва заминҷунбӣ хеле фаровон  дучор мешаванд.

Аз ин ӯ, ба ақидаи намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Далер  Назаралиев, аҳамияти таъсис ва омӯзиши ҳайати 20-нафара дар ВМКБ назаррас буда, чораи саривақтист. Ба гуфтаи ӯ, ин омӯзиш барои мубодилаи таҷриба шароити мусоид фароҳам оварда, қобилияти гурӯҳҳоро дар самти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ бо аз худ кардани усулҳои нави мукаммал тақвият медиҳад.

Дар ин росто Нашир Кармалӣ – сарвари иҷроияи ФОКУС дар Тоҷикистон ҳамчунин  зикр сохт, ки мавҷудияти чунин як гурӯҳӣ ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар манотиқи дурдаст басо муҳим аст, зеро дар  вақти рух додани офатҳои табиӣ бештар ин ҳудудҳо дар изолятсия монда, дастрасии кумаки башардӯстонаро то дер интизор мешаванд.

ФОКУС ташкилотест, ки дар якҷоягӣ бо Барномаи ДИПЕКО тайи 10 сол чорабиниҳои махсусро барои коҳиши хавфу хатар ва осебпазирӣ аз офатҳои табиӣ дар зиёда аз 250 минтақаи осебпазир амалӣ менамояд. Фаъолияти ФОКУС аз баҳодиҳӣ ба дараҷаи осебпазирии макони муайян, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, иҷрои лоиҳаҳои хурди митигатсион ва ғайра иборат аст.