Дар вилояти Суғд бар асари муноқишаи оилавӣ бародари калонӣ бо зарбаи чойник бародари хурдиашро ба ҳалокат расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят кормандони Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ғончӣ сокини қаблан маҳкумшудаи ҳамин ноҳия Далер Зикриёеви 40-соларо боздошт намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ахири ҳафтаи гузашта ӯ дар хонаи бародари хурдиаш Дамир Зикриёеви 30-сола дар ҳолати мастӣ зимни муноқиша бо чойник ба гарданӣ ӯ зарба мезанад, ки дар натиҷа бародари хурдиаш ба ҳалокат мерасад.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 33 далели одамкушӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 27 далел) ба қайд гирифта шудааст.