Бар асари як садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми дирӯз дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, суръати хеле баланди автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами давлатиаш ВМ 20-20 РТ 01 ба ин ҳодиса боис гардидааст.

«Ин автомашина ҳангоми ҳаракат аз  кӯчаи Рӯдакӣ ба тарафи кӯчаи И. Сомонӣ, дар чорроҳаи кӯчаи Рӯдакӣ- Шоҳмансур ба муқобили самти ҳаракат мебарояд, ки дар натиҷа ба  автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014  рақами давлатиаш  80-36 ВВ 01, ки аз кӯчаи  Шотемур ба самти кӯчаи Шероз ҳаракат мекард, бармехӯрад», - зикр мегардад дар иттилои ВКД.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин бархӯрд,  ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 ва ду мусофири  дохили он бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун мебардоранд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гунаҳкорони садамаи марговар муайян карда мешаванд.