Рӯзи 18-уми октябри соли равон Ҷамолов Абдуҷабори 15-сола, сокини деҳаи Калназари ноҳияи Рашт, ба кӯҳи ҷамоати деҳоти Оби Меҳнат раҳсипор гашта, ба ҷамъоварии чормағз машғул буд.
Ҳангоми саргарми кор будан, нобаҳангом хирсе пайдо мегардад, ки якбора ба саги Абдуҷабор ҳамла намуда, дар як лаҳза ӯро бо зарбаи панҷаи худ ба ҳалокат мерасонад. Сипас ба ноболиғ ҳуҷум карда, чанд маротиба бо нохунҳояш ба сару тани ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мерасонад. Хушбахтона Ҷамолов Абдуҷабор аз чанголи хирс раҳо ёфта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад.
Қобили зикр аст, ки фасли тирамоҳ, фаслест, ки ҳамагон ба ғундоштани ҳосил машғуланд ва дар ин айём дар ноҳияҳои баландкӯҳ мардум ба ғундоштани чормағзу дулона ва дигар мевагиҳо саргарм мебошанд.
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста