Дар қаламрави Новая Москва як ронандаи номаълум духтари 16-солаи тоҷикро бо автомашинааш пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Бино ба маълумоти НТВ , ин духтар аз Тоҷикистон омада, дар яке аз коллеҷҳои шаҳри Маскав таҳсил доштааст. Ин ҳодиса имрӯз, 14-уми феврал соати 7:30 дақиқаи субҳ дар шоҳроҳи Симферопол, дар наздикии хонаи №5 дар Шербинка рух додааст.

Айни замон дар бораи ин садама маълумот хеле кам аст. Танҳо маълум аст, ки духтар роҳро тариқи гузаргоҳ убур карданӣ будааст. Пас аз ҳодиса ронанда рӯ ба гурез ниҳода, аз ҷароҳатҳи бардошта духтар дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.

Гуфта мешавад, ба мақомоти пулис то ҳанӯз ҳатто тамғаи автомашинаи гунаҳкор дар садама номаълум аст. Аз сафоратхонаи Тоҷикистон низ дар ин бора ҳоло ҳеҷ маълумоте нарасидааст.