Дар ноҳияи Хуросон бар асари боришоти зиёд сел фаромада, аз талафоти ҷонӣ бар асари он хабар дода мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон хабар доданд, селхезӣ дар мавзеи Хумдони ҷамоати Қизил-Қалъа рух дода, якчанд манзили зистро хароб кардааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, талафоти ҷонӣ низ ҷой дошта, аммо шумори мушаххаси зарардидагон алҳол маълум нест.

Дар ситод зикр карданд, ки айни замон вазъ дар ин ноҳия хеле мушкил буда,тамоми нерӯву имконот баҳри наҷоти аҳолии маҳаллӣ сафарбар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ» , бар асри боришот ва селхезӣ дар ноҳияи Хуросон ду кӯдак ба ҳалокат расида, 170 манзили зист тахриб шудааст.

Ёдрас мекунем, ки шаби 12 ба 13 апрели соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борони сел ва жола борида , дар натиҷа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯробод қисми теппа лағжида, деҳаи мазкурро пахш намуд, ки дар натиҷа як қисми хонаҳои истиқоматӣ зери лой монда, хароб гардиданд.