Аз рӯи далели ҳалок шудани корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-сола бар асари зери чархи автомашина мондан дар назди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ», ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода боздошт шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Назир Ниёз, и.в. директори раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи далели гунаҳкорӣ дар содир шудани садамаи нақлиёт ва пинҳон шудан аз ҷойи ҳодиса нисбати Фирӯз Холиқзода аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки ин ҳодиса субҳи рӯзи якшанбе зимни ба кӯчарӯбӣ машғул будани Зевармо Пирова рух дода, ӯ зери чархи автомашина монд.
Ба қавли Назир Ниёз, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес» бо суръати баланд З.Пироваро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад. «Зарба ба ҳадде сахт буд, ки ҷисми занро ба қисматҳо ҷудо намуда, ду нафар ҳамкорони ӯ аз дидани ин манзара беҳуш ва ба Маркази миллии тиббӣ фиристода шуданд», - иброз дошт вай.
«Зевармо 9-уми сентябр синни 54-ро пур карда, чор фарзанд дорад. Ду нафар фарзандонаш ҳоло мактабхонанд ва шавҳараш дар Русия кор мекунад», - афзуд Ниёз.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста