Сафорати Тоҷикистон дар Русия фавти шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Панҷакент Комилҷон Эсанов дар қаламрави Маркази муҳоҷирати «Сахарово»-и вилояти Маскавро тасдиқ кард.
Бино ба маълумоти сафорат, дар ин бора роҳбари ин Маркази муҳоҷират Николай Федосеев тариқи телефон ба роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар Русия оид ба муҳоҷират Асрор Одинаев хабар додааст.
Зикр мегардад, ки шомгоҳон вақте Эсанов патентро дастрас ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои худро тахт мекунад, тасмим мегирад, ки то субҳ дар бинои марказ бимонад, зеро ин марказ шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.
Баъди бад шудани вазъи Эсанов ёрии таъҷилӣ даъват карда шуда, вале то расидани табибон ба марказ, ӯ фавтидааст. Ба иттилои сафорат, айни замон ҷасади Эсанов дар яке аз мурдахона ( морг)-ҳои Маскав қарор дошта, сабаби марги ӯ таҳқиқ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории «Фергана» дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки Комилҷон Эсанови 48-сола муддати 2 шабонарӯз барои дастрас кардани патент дар марказ навбат поидааст ва аз ин рӯ, вазъи саломатиаш бад шуда, фавтидааст. Дар худи ин марказ табибон ҳузур надошта, посбонон ёрии таъҷилиро даъват кардаанд. Табибон танҳо баъди як соат ба марказ расидаанд, ки Эсанов аллакай фавтида буд.




Ҳукумати Толибон консулгарии Афғонистон дар Хоруғи Тоҷикистонро бастааст
“Ялдо ҷашни шодиву сур аст!”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Мақомот дар хонаи як корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дуздии барқро ошкор кардаанд
Намоиш ва фурӯши маҳсулот дар Душанбе. Муқоисаи нарх ва сифати маҳсулоти ярмарка бо бозор
Ҷопон ба бахши энергетика ва гумруки Тоҷикистон қариб $8.8 млн кумак мекунад
Рустам Ятимов дар ҳафтгонаи гаронтарин дарвозабонҳои Осиё
Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди содирот қабул шуд. Дар он чӣ гуфта мешавад?
Ба таъхир афтодани чанд парвоз аз фурудгоҳи Душанбе дар пайи фаромадани тормеғ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Медал”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Владимир Путин куштори Қобилҷонро “амали террористӣ” гуфт ва тафтиши беғаразонаи онро ваъда дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста