Наздикони шаҳрванди Тоҷикистон Хуршед Отанбекови 26-сола, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав ҳалок шуд, мегӯянд, ӯ ба маризии рӯҳӣ гирифтор будааст.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия оид ба муҳоҷират ва Хадамоти консулгарии сафорати ҶТ дар Русия бо хоҳари ҳалокшуда - Шукрона Отанбекова дар тамос шудааст, ки ҳамроҳи ӯ дар Максав мезистааст.
Сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» гуфт, зимни суҳбат Ш.Отанбекова аз вазъи нохуби солимии бародараш вобаста ба касалии рӯҳӣ, воҳимаву ҳароси ӯ иттилоъ додааст.
Ба қавли ӯ, бинобар сабаби бад шудани вазъи солимиаш, Хуршед рӯзи 11 ноябр бояд аз фурудгоҳи Домодедово ба ватан парвоз мекард. Шаби пеш аз парвоз ногаҳон дарди ӯ хурӯҷ карда, зери назорати хоҳараш қарор доштааст. Субҳи барвақт баъди каме беҳбуд ёфтани вазъи солимиаш, Хуршед ба самти номаълум аз хона баромадааст.
Ба тахмини хоҳараш, ӯ ба фурудгоҳи Домодедово раҳсипор гардидааст. Чӣ гуна ӯ дар фурудгоҳи Внуково пайдо шуда, бо кадом сабаб ин ҳодисаи фоҷеабор рух додааст, ба хоҳараш чизе маълум нест.
Ба иттилои Иброҳим Аҳмадов, дарҳол баъди рух додани ҳодиса кормандони намояндагӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, бо кормандони Раёсати минтақавии тафтишот дар нақлиёти Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав суҳбат кардаанд. Зимни суҳбат иттилоъ дода шудааст, ки Кумитаи тафтишоти Русия санҷиши пеш аз тафтишотӣ оид ба марги шаҳрванди Тоҷикистонро оғоз карда, айни замон барои муайян кардани тамоми ҳолатҳои ин ҳодиса як қатор чорабиниҳои зарурии санҷишӣ гузаронида мешаванд.
Санҷиш аз ҷониби мақомоти тафтишоти Раёсати минтақавии тафтишот дар нақлиёти Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав гузаронида мешавад.
Иброҳим Аҳмадов ҳамчунин изҳор намуд, ки ҷиҳати мусоидат ба интиқоли ҷасади шаҳрванди ҳалокшудаи Тоҷикистон ба ватан, аз ҷониби намояндагӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 11 ноябр пас аз худро аз зина (эстакада)-и ҳафтметра ба поён афкандан дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав, як шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста