Як зани 38-солаи тоҷикистонӣ тифли навзоди худро ба қуттии ахлот партофтааст. Ин тифлро дар дохили халтаи селофанӣ ҳавлирӯб пайдо кардааст.

Бино ба маълумоти «Московский комсомолец» дар ин робита, ин зан ҳамроҳ бо шавҳар ва писари баркамолаш зиндагӣ дошта, маротибаи дуюм аз шавҳараш ҳомила мешавад. Шаби 7 феврал ӯ дар хона мустақилона бидуни кумаки табибон тифлро ба дунё оварда, онро ба халтаи селофанӣ мепечонад ва ба қуттии ахлот мепартояд. Сипас оромона ба хона бармегардад.

Ҳаёти ин тифлро ҳавлирӯб наҷот додааст, ки соати 6-и субҳ ба навбатдорӣ баромадааст. Вақте ба назди қуттии ахлот меояд, садои кӯдакро фаҳмида, дарҳол тифлро дарёфт ва мошини «ёрии таъҷилӣ»-ро даъват мекунад. Тифлро ба яке аз бемористонҳо бурдаанд. Айни замон ба ҳаёти тифл чизе таҳдид намекунад. Ин занро боздошт ва шуъбаи пулиси ноҳия бурдаанд.

Намояндаи Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишот дар шаҳри Маскав Юлия Иванова ба нашрия даар ин робита изҳор намудааст, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаҳои 30, қ. 3 ва 106-и Кодекси ҷиноии Русия - суиқасд ба куштори тифли навзод аз ҷониби модар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ менависад, тифли партофтаи занро фарроше бо номи Ҳамид Хайруллоев, ки гуфта мешавад муҳоҷири корӣ аз яке аз кишварҳои Осиёи Марказист, пайдо намудааст.