Бар асари як садамаи нақлиёт дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд 3 узви як хонавода ба ҳалокат расиданд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи ин маълумот менависад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ҷавони 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи ҳамин тамға таҳти идораи ҷавони 21-солаи ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Гуфта мешавад, бар асари ин ҳодисаи нохуш ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ҷавони 21-сола ва мусофирони он: падару модараш марди 58-сола ва зани 56-сола бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҷавони 20-сола ва писарбачаи 4-солаи сокинони ҳамин ноҳия дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ронандаи дигари автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ва мусофири он, марди 24-солаи сокинони ноҳияи Ашт дар беморхона қарор доранд.



