Бар асари ду садамаи нақлиётӣ дар кишвар ду нафар ба ҳалокат расида, 3 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВКД.
Ба иттилои манбаъ садамаи якум 8 августи соли ҷорӣ, дар роҳи автомобилгарди “Восеъ-Ховалинг”, дар ҳудуди деҳаи Пушёни миёнаи ноҳияи Восеъ рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Алихон Назаров, сокини ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст, ки дар натиҷа, ронанда ҳалок шуда, мусофири он ҷароҳат бардоштааст.
Садамаи дуюм, рӯзи 9 август, дар дар километри 300-уми шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ» рух додааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Прадо», Сиёвуш Ҳасанзода, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Рӯзимаҳмад Абдуллоев, сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрда, аз роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота Раф-4», таҳти идораи Маҳмадраҷаб Розиқов, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст”. – менависад манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Тойота Прадо», Бунафша Ҳабибуллоева, сокини Душанбе дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи мазкур С. Ҳасанзода ва мусофираш Манижа Ҳасанзодаи 12-сола дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста