Як сокини 37-солаи ноҳияи Панҷ, барои қатли падараш бо бераҳмии махсус ба 20 соли зиндон маҳкум гардидааст. Дар ин бора сомонаи расмии Додситони кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадҷон Исанқулови 37 сола, рӯзи 7-уми июн дар ҳолати мастӣ, падараш Аваз Бӯстоновро ба қатл расонидааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ҳодиса баъди он сар зад, ки Аваз Бӯстонов баъди нӯшиндани машрубот бо писараш, аз ӯ дархост кард, ки ҳамсару фарзандонашро аз хонаи падарарӯсаш (хусураш) баргардонад, ки дар пайи он байни писар ва падар баҳс ва муноқиша ба миён омад.
“Муҳаммадҷон Исанқулов бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани Аваз Бӯстонов бо болға ба cap ва рӯйи падараш якчанд маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - менависад Додситонии кулли Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, аз рӯи ин ҳодиса Додситони ноҳияи Панҷ нисбати Муҳаммадҷон Исанқулов бо моддаи 104 қисми 2 банди “е” парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ӯ бо ҳукми суди вилояти Хатлон 20 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр шуд.
Назари наздикони ин оила дар бораи ҳодиса ва ҳукми додгоҳ маълум нест.
Тарҳи “Зистан мехоҳам”: 931 зодаи Тоҷикистон дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста