Сӯхтор дар бинои ҶДММ “Шарқ”, ки дар дохили бозори Панҷшанбе воқеъ аст, сар зада, 17 мағозаро фаро гирифтааст. Дар пайи сӯхтор 75 метри мураббаъи ин бозор ба коми оташ рафтааст. Дар ин бора Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз ҳодисаи сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд ба “Asia-Plus” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки сӯхтор соати 3-и субҳ сар зада, то соати 5 хомӯш карда шудааст.
“Ҳоло сӯхтор хомӯш карда шудааст ва сабабу омили рух додани ҳодиса ва хисороти он муайян карда мешавад”, - гуфт Қаҳрамон Қодирзода.
Ҳамчунин, ӯ таъкид намуд, ки дар пайи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Бозори “Панҷшанбе” яке аз бузургтарин ва қадимитарин бозорҳо дар шимоли кишвар ба ҳисоб меравад, ки қаблан низ ба коми оташ рафта буд.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз оғози моҳи декабр дар вилояти Суғд 10 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта мешавад.
Дирӯз, 8-уми декабр, дар мактаби №51-и ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара низ сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа, қисме аз мактаб сӯхта хароб гашт.
Пештар аз ин, рӯзи 5-уми декабр, дар шаҳри Истаравшан нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба коми оташ рафта буд.
Бино ба иттилои Қаҳрамон Қодирзода давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 463 ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд мебошад.
Пас аз 3 сол мошинҳои боркаши тоҷик вориди Чин шуданд
Истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон зиёд мешавад
Тоҷикистон содироти картошка, пиёз ва сабзиро манъ кард
Вазорати кишоварзӣ: сармо ба 10-12%-и сабзавот зарар расонид
Дар таркиши масҷиди Пешовар 72 нафар ҷон бохт. Дар Покистон Рӯзи мотам эълон гардид
Тоҷикистон имсол ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ оғоз мекунад
Таҷаммӯи даҳҳо нафар дар назди ҳукумати Кӯлоб
Гармиву боронгариҳо. Обуҳавои моҳи феврал чӣ гуна мешавад?
Дар соли 2022 содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон беш аз 54 млн долларро ташкил дод
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар бекор ҳаст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста