Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд як сокини маҳаллӣ бо иттиҳоми куштори ҳамсараш бар асари рашк боздошт шуд, хабар медиҳад ВКД ҶТ.

Ҳодиса 28-уми январ тахминан соати 11:30 рух додааст.

"Марди 50-солаи сокини шаҳри Исфара, маъюби гурӯҳи дуюм, дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк ҳамсараш зани 48-соларо, ки дар дохили хуҷраи истиқоматиашон тариқи телефон сӯҳбат дошт, бо оҳани дарозиаш 60 см, 4 маротиба ба сараш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст",- шарҳ медиҳад ВКД.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Тибқи ин модда ӯ ба муҳлати аз 8 то 15 сол равонаи зиндон шуда метавонад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2022 шумори ҷиноятҳои марбут ба куштор ва суиқасд ба он 24,3% афзуда, давоми сол ба сурати умум 5 ҳазору 358 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки 2,2% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.