Наҷотдиҳандагони тоҷик ба Истанбул расиданд ва ҳоло ба сӯи шаҳри Қаҳрамонмараш, ки дар пайи заминларзаи шадид дар Туркия бештар хисорот дидааcт, равон мешаванд.
Субҳи 9-уми феврал 50 наҷотдиҳандаи тоҷик, як ҷарроҳ ва як имдодгар ба Туркия расиданд ва дар назар аст, ки онҳо аввал ба шаҳри Ғозиантеп ва баъд ба шаҳри Қаҳрамонмараш равона шаванд.
Наҷотдиҳандагон бо худ таҷҳизоти зарурии наҷотро бурдаанд, ки барои анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷоти дармондагон аз зери биноҳои фурӯрафта зарур аст. Дар ин хусус, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ медиҳад.
Ҳамчунин аз Тоҷикистон ба Туркия кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла хайма, сару либоси зимистона ва ғизо фиристода шудааст.
Бояд гуфт, ки сокинони Душанбе даъвати кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Туркияро дастгирӣ намуда, аз дирӯз ба Сафорати Туркия, ки дар он ҷо нуқтаи ҷамъоварии кӯмак боз шудааст, либоси гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ меоранд.
Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар ба ҳамаи тоҷикистониён барои хоҳиши кумак ба осебдидагон аз заминҷунбӣ дар кишвараш изҳори сипос кард.
“Ин кумакро дар хотир медорем ва дар дил сабт мекунем. Мо самимона умедворем, ки на Туркия ва на Тоҷикистон дигар шоҳиди чунин офатҳои табиӣ нахоҳанд шуд. Аммо, бо вуҷуди ин, мехоҳем зикр кунем, ки агар Тоҷикистон зарурат эҳсос кунад, Туркия ҳамеша дар паҳлӯи мардуми тоҷик хоҳад буд”, - изҳор дошт сафир.
Бояд гуфт, ки Туркия ва Суриявро субҳи барвақти рӯзи 6-уми феврал заминларзаи шадид бо қувваи 7,7 балл такон дод. Худи ҳамон рӯз заминларза бо ҳамин шиддат такрор ёфт, ки ин миқёси харобиҳоро зиёд ва теъдоди қурбониёну маҷрӯҳонро афзуд.
Дар хусуси тоҷикони муқими Туркия ва шароити онҳо то ҳол маълумоти эътимоднок дар даст нест. Маълум нест, ки касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ин офати табии зарар дидааст ё не.
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондин садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Қаҳвахона ва тарабхонаҳои писандидаи муҳоҷирон дар Маскав баста мешаванд
7 медали Тоҷикистон. Ҷадвали ғолибони мусобиқоти “Dushanbe Grand Slam 2024” маълум шуд
Паёмади боришоти шадид дар манотиқи Тоҷикистон
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста