Сабабҳои ихроҷи ихроҷи гази карбонро дар кони ”Ангишти Шӯроб” дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара, ки бар асари он 2 нафар кӯҳканон ҳалок шуданд, Комиссияи Хадамоти назорати бехатарӣ дар саноат таҳқиқ мекунад.

Тавре ки маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодисаи фоҷеабор соати 18:20 дақиқаи рӯзи 27 март рух дода, дар натиҷаи ихроҷи гази карбон 2 нафар кӯҳкани 45 ва 57-солаи сокинони шаҳри Исфара ҳалок шудаанд.

“Як взводи Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ – кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд”, - зикр мешавад дар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Зикр мегардад, ки наҷотдиҳандагон ҷасади ҳалокшудагонро аз кон берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.