Зодагони Қафқози Шимолӣ бо зодагони Осиёи Маркази барои бақайдгирии қалбакӣ дар Маскав ҷанҷол карданд. Як нафар аз корд захм гирифтааст, хабар медиҳад Baza дар Telegram-канали худ.

Ба иттилои нашрия, ҷанҷолу муноқиша дар кӯчаи Зеленодолский дар назди тарабхонаи “Вкусно и точка” рух додааст.

Се тан аз зодагони Ӯзбекистон ҳамроҳи дӯстонашон аз Тоҷикистон ва Туркманистон назди шахсоне омадаанд, ки ба онҳо бақайдгузориро фармоиш дода буданд ва баргардонидани пулро барои қайди қалбакӣ талаб кардаанд.

Байни ҷонибҳо муноқишаи лафзӣ ба амал омада, ба ҷанҷоли дастҷамъӣ табдил ёфтааст.

Шаҳрванди Ӯзбекистон аз зарби корд дар шикамш захм гирифта, ӯро ба беморхона интиқол додаанд.

Аз иштирокчиёни ҷанҷол 15 нафар - шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, инчунин 5 каси дигарро аз Чеченистон, 3 нафарро аз Доғистон ва 1 танро аз Кабардино-Балкария ба шуъбаи пулис бурдаанд.

Нисбати 2 шаҳрванди Ӯзбекистон барои майдаавбошӣ ва нақзи қоидаҳои вуруд ба Русия санад тартиб дода шудааст.

Дар бораи оқибатҳои ҷанҷолу муноқиша барои дигар иштирокчиёни он маълумот дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.