Давоми 3 моҳи соли 2023 дар вилояти Суғд 157 ҳодисаи фавқулодаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 22 нафар ба ҳалокат расидаанд. Маблағи зарар бошад, беш аз 5,7 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд ба “Азия - Плюс” иттилоъ доданд.
“Дар ин давра асосан дар натиҷаи ду ҳодисаи табиии фавқулода дар вилоят хисороти калон ба қайд гирифта шуд. Яке фаромадани тарма санаи 27-уми феврали соли ҷорӣ дар километри 157-уми шоҳроҳи Душанбе-Ҷаноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ мебошад, ки дар натиҷа 5 нафар ба ҳалокат расида 1 нафар ҷароҳат бардоштанд ва дигаре заминларза дар Кӯҳистони Мастчоҳ аст”, - гуфтанд аз ин ниҳод.
Тибқи иттилои масъулин бар асари заминларза дар Кӯҳистони Мастчоҳ, ки санаи 23- уми марти соли равон соати 01:07 дақиқа ба вуқӯъ пайваста буд, 319 - хона зарар дида, 4 хона пурра ва 53 хонаи дигар қисман хароб гаштаанд. Аз ҷумла, 330 иншооти ёрирасон, 2 муассисаҳои соҳаи маориф, 1 муассисаи тиббӣ, 75 км роҳҳои маҳаллӣ, 910 метр хатти интиқоли нерӯи барқ, 1,8 км хатҳои обёрикунанда, 2 иншооти хоҷагии халқ ва 39 сар чорво нобуд гаштааст. Маблағи умумии хисорот 4 миллиону 188 ҳазору 970 сомониро ташкил додааст.
Бояд гуфт, ки дар се моҳи аввали соли 2022, 144 ҳодисаҳои фавқулода ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷаи он 43 нафар ба ҳалокат расида, маблағи зарар ба беш аз 4 миллиону 450 ҳазор сомонӣ баробар буд.
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт. Аз ифтитоҳи чанд бино то нигаронӣ аз вазъи маорифу тандурустӣ
Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024
Пешниҳоди таъсиси “Маркази омӯзиши маорифи Мовароуннаҳр” дар Тоҷикистон
Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?
Душанбе чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасонро пазироӣ мекунад
Қариб 600 нафарро дар Суғд барои ифлос кардани ҳаво ҷазо додаанд
Дар Истаравшан аввалин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” мегузарад
Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе
Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста