Комиссияи ҳукуматии батарафсозии пайомадҳои сел дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) хисороти воридшударо ҳисоб мекунад. Интизор меравад, ки 210 хонаводаро масъулин ба ҷойҳои бехавф кӯчонанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи масъулин, рӯзи 27-уми июн дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ офати табиӣ рух дод.

“Офати табиӣ ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид”, - хабар медиҳад Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ҳоло комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуда ва ба сарвазири мамлакат, комиссияи ҳукуматӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдор барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рухдода супориш дода шудааст, ки тамоми тадбирҳои зарурӣ ва фавриро амалӣ намоянд.

“Дастур дода шуд, ки барои таъмини бехатарии аъзои 210 оилаи дар назди соҳили Шоҳдара ҷойгиршуда, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин, барқарор намудани хонаҳои осебдида чораҳои бетаъхир андешида шаванд”, - омадааст дар хабари хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 28-уми июн Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ба мавзеъи офати табиӣ рафта, бо зарардидагон суҳбат намудааст.

Ба иттилои ҳукумати вилоят, Алишер Мирзонабот таъкид кардааст, ки барои бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолии зери хатар қарордошта бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин барқарор намудани хонаҳои зарардида чораҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.

1/6

Бояд гуфт, қаблан КҲФ ҳушдор дода буд, ки дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳарорати ҳаво дар манотиқи кӯҳистонӣ, бахусус як қатор ноҳияҳои ВМКБ омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ, дар се моҳи аввали имсол дар қаламрави Тоҷикистон 411 ҳолати фавқулодаи табиӣ рух дода, маблағи хисороти муайяншуда беш аз 20 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.