Паланги барфӣ дар ноҳия Роштқалъа ба оғили як сокини деҳаи Намадроҷ ҳамла карда, 14 сар чорвои хонагии ӯро куштааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 5-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 07:46 рух дода, озодпаланг 14 сар моли майда аз ҷумла, 9 сар буз ва 5 сар гусфандро кушта, 1 сар гусоларо захмӣ кардааст.
“Озодапаланг аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилоят аз дохили оғилхонаи шаҳрванди мазкур дастгир карда шуда, ба ноҳияи Мурғоб интиқол дода шуд”, - хабар додааст ин ниҳод.
КҲФ дар идома дар бораи ин ҳайвони ваҳшӣ иттилоъ дода, зикр кардаст, ки он аз ҷумлаи ҳайвонҳои гурбамонанд аст, ки дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ ва ҷануби Осиё зиндагонӣ мекунад. Дар кулли кишварҳое, ки ин паланг ҳаёт ба сар мебаранд, аз ҷумла дар Тоҷикистон чун ҳайвони дар ҳоли нобудиву инқироз ба Китоби Сурх шомил карда шудааст.
Ин ниҳод бо такя ба донишмандон навиштаст, ки шояд ҳамагӣ 10 ҳазор паланги барфии болиғ дар саросари олам боқӣ монда бошад. Аксари ин гунаи ҳайвон ба сабабҳои шикор ва нобудии маҳалли зисташон ва танг шудани майдони будубошашон ба нобудӣ расидаанд.
“Ин ҳайвон дар гузашта ба гурӯҳи махсус бо номи uncia табақабандӣ мешуд, аммо баъдан бар пояи пажӯҳишҳои физиологӣ ба гурӯҳи палангсонҳо ворид намуданд”,-гуфтааст КҲФ.
Палангҳои барфӣ аз дигар намуди ҳайвонҳои палангмонанд ба ҷусса хурдтаранд. Пӯсти онҳо сафед, зард ва моил ба хокистарӣ аст ва ин ҷонварон дорои холҳои тираранги рӯи пӯст ва ду тарафи бадани худ ҳастанд. Шиками ин ҷонварон сафед аст ва чашмонашон сабзи камранг ё хокистарист, мӯҳои бадани ин ҷонвар сахту анбӯҳ аст ва дар нуқоти мухталифи бадан байни 5 то 12 сантиметр тӯл дорад.
Дарозии бадани паланги барфӣ аз сар то дум 75 то 150 сантиметр ва тӯли думи он 80 то 105 сантимерт аст. Тӯли дандонҳои неши ин ҷонвар 28 миллиметр ва вазни он 25 то 55 килограм аст.
Вижагии дигари паланги барфӣ ҷойи будубоши он аст, ки дар минтақаҳои сарду пурбарф ва мавзеъҳои баланд ҳаёт ба сар мебарад.
Дар гузашта ҳам аз ҳамлаи паланги барфӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони Бадахшон хабарҳо паҳн шуда буданд.
КҲФ ҷиҳати ҳифзи чорво аз ҳамлаи ҳайвоноти даранда ба таваҷҷӯҳи сокинони деҳоти муқими ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ тавсияҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- чорвочаронӣ бояд танҳо рӯзона, вақте ҳаво рӯшан аст, мумкин мебошад ва он ҳам бо чӯпон, ки бо худ ашёи тарсонандаи ҳайвоноти ваҳширо дорад. Шабона ҳавонот бояд дар маконҳои амн нигаҳдорӣ шаванд;
- фермаҳо ва молхонаҳое, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ берун аз қаламрави деҳа сохта шудаанд, бояд гирдогирд бо тур печонида шуда бошанд ва ё атрофашон девор гиронда шуда бошанд ва баландии ин девор на камтар аз 2,5 метр бошад. Девор бояд ҳайвонҳоро аз вуруди паланги барфӣ ё хирс боэътимод муҳофизат кунад. Ба бошгоҳҳои тобистонии чорво диққати махсус додан лозим аст — онҳо бояд бо деворҳо мустаҳкам карда, шабона посбонй карда шаванд. Истифодаи усулҳои тарсонданн паланги барфй ба мақсад мувофиқ аст;
- ҳама ҷасади ҳайвонҳое, ки мавриди ҳамлаи паланги барфӣ ё ҳар ҷонвари дарандаи дигар қарор гирифтаанд, бояд сӯзонида нобуд карда шаванд;
- дар кулбаи шикорчӣ, бошгоҳҳои тобистона ва оғилхонаҳо сагҳо бояд ҳатман бошанд, вале онҳо бояд аз ҳамлаи паланги барфӣ ҳифз карда шаванд. Аз ин рӯ, барои саг паногоҳи вижа бояд сохт, масалан зери хонаву молхона ягон вурудгоҳи хеле танге, ки ба ҷуз саг ҳайвони дигар натавонад вориди он шавад.
Ғайр аз ин бояд қаламрави хонаҳои шахсӣ дар маҳалҳои буду боши паланги барфӣ, бахусус дар канори деҳаҳо бо тур ва ё деворҳои баландиашон на камтар аз 2,5 метр ҳифозат карда шаванд.
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Игорь Черевченко сармураббигии “Истиқлол”-ро боз ба дӯш гирифт
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста