Дар пайи бархӯрди ду мошин ва сарозер шудани яктои он ба бинои як ширкати хонафурӯшӣ дар шаҳри Кулоб ду нафар ба ҳалокат расида, 4 нафар дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ҳодиса субҳи рӯзи 8-уми январ рух дод ва сабаби ҳодиса “аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани Амрохон Зоирови 20-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” мебошад.
Ӯ, ки аз самти кӯчаи Ш.Шоҳини Кӯлоб ба самти кӯчаи Ҳ.Шерозӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ДЭУ Сиело”, таҳти идораи Кароматулло Абдураҳимови 35-сола бархӯрдааст.
Баъдан, автомашинаи “ДЭУ Сиело” ба нуқтаи фурӯши ҳуҷраҳои истиқоматӣ, ки аз тарафи чапи канори роҳ ҷойгир мебошад, зада даромадааст.
“Дар натиҷа, корманди нуқтаи фурӯши хонаҳо Кенҷаев Исмоил Кенҷаевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Кӯлоб ва ронандаи автомашинаи “ДЭУ Сиело” Абдураҳимов К.С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.
Инчунин, 3 мусофири автомашинаи тамғаи “ДЭУ Сиело”, ронандаи “Опел-Астра” ва мусофираш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Аз ҷароҳатбардоштагон ном бурда намешавад.
ВКд гуфта, ки оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки бори аввал дар бораи ин ҳодиса Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар пайи бархӯрди як мошин ба идораи фурӯши хонаҳои “Корез” дар шаҳри Кӯлоб се нафар ба ҳалокат расиданд.
Навори ин садама дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр шуда буд.
Ин бори аввал нест, ки дар шаҳри Кӯлоб дар натҷиаи бархӯрди мошин ба хонаҳо ва ё биноҳо шаҳрвандон ба ҳалокат мерасанд.
Дар садамаи нақлиётии мудҳише, ки шоми 6-уми августи соли 2023 дар назди бозори “Сомониён”-и шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваст, 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, 13 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда буданд.
Ҳамчунин, чанд хона ҳам зарар дида буд, ки аз ҳисоби ҳукумати вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб, ҲХДТ ва масоҷиди ҷомеъ бунёд ва чанд рӯз пеш ба соҳибонашон супорида шуд.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста