Боришоти шадид дар саросари кишвар хатари тармафароӣ ва сангрезӣ дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳуриро зиёд кардааст.
Ҳамин тариқ, рӯзи 20-уми феврал дар километри 285-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ дар деҳаи Яхчисори ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ резиши санг ба қайд гирифта шуд.
«Роҳ баста шуд. Айни замон кормандони хадамоти роҳи ноҳия бо истифода аз техникаи махсус дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд. Роҳ ҳоло баста аст», - хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсуфӣ.
Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби эҳтимоли зиёди тармафароӣ ва сангреза Кумита бори дигар аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳиву доманакӯҳӣ, сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, аз шикор ва моҳидорӣ худдорӣ кунанд.
Кумита ҳамчунин ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз рафтан ба қитъаҳои хавфнок худдорӣ варзида, ҳушёру эҳтиёткор бошанд. Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки реҷаи суръат ва фосила байни воситаҳои нақлиётро риоя намоянд.