Додгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарор карданд, ки дар робита ба риоя накардани қонунгузории муҳоҷират зиёда аз 400 муҳоҷирро ихроҷ кунанд. Дар ин бора роҳбари задамоти матбуоти муттаҳидаи додгоҳҳои ин шаҳр Даря Лебедева хабар додааст.
Аз 25 то 29 март ба додгоҳҳои ноҳияҳои шаҳр мувофиқи моддаи 18.8 КҲМ ФР (аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ риоя нашудани қоидаҳои вуруд ба ФР ё реҷаи будубош дар ФР) 584 мавод оид ба парвандаҳои қонуншиканиҳои маъмурӣ ворид шудааст.
“Аз 584 парванда додгоҳҳо 515-тоашро баррасӣ намуда, ба 418 нафар қонуншиканон ҷазои ҷарима бо ихроҷи маҷбурӣ аз кишвар ва боз ба 48 нафар ҷазои ҷарима ва мустақилона тарк кардани Русия дар муддати 5 рӯз аз замони ҳукми қонунӣ гирифтани қарор таъин шудааст”, - навиштааст ӯ дар Telegram.
Моҳи декабри соли 2023 президенти Русия Владимир Путин изҳор дошта буд, ки дар Русия ҳудуди 10 млн муҳоҷирони меҳнатӣ кору зиндагӣ мекунанд.
“Дар ҷое, ки лозим буд, ҳамаи парвандаҳо бо иштироки тарҷумонҳо баррасӣ шуданд. Ҳамаи ҳуқуқҳои қонуншиканон албатта, аз ҷониби додгоҳҳо пурра риоя гардиданд”, - иброз доштааст Лебедева.
Рӯзи 29 март лоиҳаи ҳомии ҳуқуқи «Первый отдел» хабар дод, ки дар Санкт-Петербург мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалиёти бузургмиқёси “Антимигрант”-ро оид ба ошкор сохтан ва ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро мегузаронанд, ки ба будубош дар Русия ҳуқуқ надоранд. Ба гуфтаи адвокате, ки аз ҳуқуқҳои бархе аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳимоят мекунад, муҳоҷиронро ба таври оммавӣ бо ҳавопаймоҳо фурудгоҳи Пулково хориҷ мекунанд.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки мақомоти пулиси Петербург дар зиёда аз 30 шоҳроҳҳои вуруд ба шаҳр зиёда аз 1,5 ҳазор автомашинаҳои хориҷиёнро санҷидаанд. Дар ин рейд қариб 200 корманди Росгвардия ва зиёда аз 250 корманди хадамоти муҳоҷират, назорату посбонӣ, хадамоти роҳ ва кинологҳо иштирок кардаанд. Дар ин рейд ВКД садҳо ҳолатҳои қонуншикании маъмуриро ошкор кардааст.
Пас аз ҳамла ба “Крокус Сити Холл” бархе аз сиёсатмадорон дар бораи сангинтар кардани қонунгузории муҳоҷират изҳори назар карданд. Вакили Думаи давлатӣ аз Қрим (“Единая Росия”) пешниҳод кардааст, ки дар вақти баргузории амалиёти махсуси ҳарбӣ, вуруд ба Русия маҳдуд карда шавад. Ӯ ба ин назар аст, ки хориҷиён“ ба таври автоматӣ мавриди таваҷҷуҳи хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ қарор мегиранд”.
Муовини раиси Думаи давлатӣ Владислав Даванков («Новые люди») дар шабакаи Telegram-и худ пешниҳод намудааст, ки муҳоҷирон барои “қонуншикании ночиз” бошад ҳам, ихроҷ карда шаванд ва аз болои онҳо назорати рақамӣ ба роҳ монда шавад.
Дар ҳамин ҳол, муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба умури миллатҳо Илдар Гилмутдинов зикр кардааст, ки на бо муҳоҷирон, балки бо фармоишгарони амали террористӣ мубориза бурдан лозим аст. Муовини ректори Донишгоҳи молиявӣ Александ Сафонов ишора кардааст, ки дар ҳолати даст кашидан аз қувваи корӣ дар симои муҳоҷирон зиён ба иқтисоди Русия “сартосарӣ” хоҳад буд.
Гигабайтҳои гарон. Оё тоҷикон метавонанд ба интернети арзон умед банданд?
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста