Мақомот хабари пайдо шудани махлуқе, ки сокинон онро “ҷин” гумон кардаанд, беасос донист. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, “ин хабар ягон асосӣ воқеӣ надорад ва бардурӯғ паҳн шудааст”.
Ӯ боздошти як марди африқоиро, ки баъзе саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд, тасдиқ ё рад накард. Танҳо гуфт, дар барномаи ВКД (манзур барномаи Ахбори ВКД аст, - редаксия) ҳамаашро нашр мекунем.
Бояд гуфт, чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн шуд, ки дар онҳо гуфта мешавад, “ҷин” ба хонаи сокинони шаҳри Ваҳдат даромада, онҳо метарсондааст. Ба гуфтаи муаллифони навор, се-чор шаб ин махлуқ ба хонаи мардум даромада, ҳатто, занҳоро мезадааст.
Ин ҳолат мардумро ба таҳлука оварда, ҳатто корбарон навиштаанд, ки шабҳои охир сокинони минтақаҳои гуногуни шаҳри Ваҳдат навбатдорӣ ташкил кардаанд.

Баъдан боз ҳамин саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навору аксҳоеро нашр карданд, ки дар он ду нафар бо либосҳои низомӣ як марди африқоиро боздошт карда, ба мошин мешинонанд.
Ҳамчунин, дар ин саҳифаҳои иҷтимоӣ акси ин марди африқоӣ низ нашр гардид. Ба иттилои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, ин мард Дани ном дошта, шаҳрванди давлати Уганда будааст. Дар идома гуфта мешавад, ки “ҳангоми бозпурсӣ муайян шудааст, ки Дани аз гуруснагӣ маҷбур шудааст, ки шабҳо ба хонаҳои мардум барои дарёфти нон дарояд”.
Аммо мақомот то ҳол дар мавриди боздошти ин мард шарҳи расмӣ надодаанд. Маълум нест, ки ин африқоӣ чӣ гуна ба Тоҷикистон омада, виза дарёфт кардааст.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста