Соли 2024 дар минтақаи Кӯлоб 57 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 21 ҳолат зиёд мебошад.
Ҳамзаалӣ Музофиров, додситони минтақаи Кӯлоб зимни нишасти матбуотии рӯзи 28-уми январ гуфт, ки афзоиши худкушӣ дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Данғара, Ҳамадонӣ, Фархор, Муъминобод ва Темурмалик нигаронкунанда аст.
Ба иттилои ӯ, соли 2024 дар шаҳру навоҳии Кӯлоб 14 ҳолат (7 ҳолат дар соли 2023), Данғара 14 (9 ҳолат дар соли 2023), Ҳамадонӣ 7 (3 ҳолат дар соли 2023), Фархор 6 (3 ҳолат дар соли 2023), Муъминобод 5 (1 ҳолат дар соли 2023), Восеъ 4 (6 ҳолат дар соли 2023), Темурмалик 4 (2 ҳолат дар соли 2023), Шамсиддин Шоҳин 1 (1 ҳолат дар соли 2023) ва Балҷувон 1 (3 ҳолат дар соли 2023) ҳолати худкушӣ сабт шудааст.
Ба гуфтаи додситон, “омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва равонӣ” омилҳои асосии худкушӣ мебошад.
Тибқи иттилои додситонӣ, дар робита ба ин ҳолатҳо 5 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ба худкушӣ расонидан) боз шудааст. Маълум нест, ки дар доираи ин парвандаҳо чанд нафар ҷазо гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 дар кишвар 222 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки 11 ҳолат бештар нисбат ба ҳаимн давраи соли 2023 аст.
Сабабҳои даст ба худкушӣ задан бемориҳои рӯҳӣ, шароити вазнини моддӣ ва муноқишаҳои оилавӣ унвон мешаванд.
Дар ҳодисаҳои худкушӣ бештари ҳолатҳо ба ҳолатҳои худро ба дор овехтан (179 ҳолат), заҳролушавӣ, ғарқшавӣ ва дигар тарзҳо ба қайд гирифта шудааст.
Омори 5 солаи худкушӣ ва сабабу омилҳои онро дар маводи "Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?" хонед.




Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста