Рӯзҳои истироҳатӣ, аз 5 то 7-уми апрел бар асари боридани борони пуршиддат дар як қатор ноҳияҳои куҳии Тоҷикистон хатари омадани сел пешбинӣ мешавад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ноҳияи Дарвоз) омадани сел дар назар аст.
Ҳамчунин, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, кумита шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба соҳили дарёву кӯлҳо, саёҳат ва гаштугузорҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
“Кумита аз ронандагон хоҳиш мекнад ҳангоми ҳаркат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ, бахусус ағбаҳо эҳтиёт кунанд, фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд. Суръати ҳаракатро боло набаранд”, - огоҳ кардааст КҲФ.
Ҳамчунин, ин ниҳод ба сокинони ноҳияҳои кӯҳӣ тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо ба ҷамъоварии занбӯруғ, растаниҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар натиҷаи боридани борону барф дар кишвар селу ярч меояд, ки боиси хароб гардидани хонаву дар, боғу киштзор ва дар баъзе ҳолатҳо марги одамон мегардад.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста