Дар Тоҷикистон давоми ду рӯзи охир чор тан дар об ғарқ шуда, се нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд. Имдодгарон танҳо як ноболиғро наҷот додаанд ва ҷустуҷӯи ҷасади се тани дигар то ҳол идома дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки рӯзи 21-уми июн тақрибан соати 17:30 дақиқа як сокини 16-солаи деҳаи Ваҳдатобод дар ноҳияи Панҷ ҳангоми оббозӣ дар канали деҳа ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, рӯзи 22-юми июн тақрибан соати 16:00 сокини 26-солаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳангоми оббозӣ дар рӯди Вахш, дар ҳудуди деҳаи Навободи ҷамоати шаҳраки Бохтариён ғарқ шудааст.
Дар ҳамин рӯз, ҳудуди соати 14:20 дақиқа сокини 43-солаи кӯчаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд дар макони барои оббозӣ мамнӯи дарёи Сир оббозӣ карда ғарқ шудааст. Ба иттилои манбаъ, он замон номбурда сархуш будааст.
Ҷасади ин се тан то ҳол дарёфт нашуда, ҷустуҷӯ идома дорад.

КҲФ гуфт, дирӯз, 22-юми июн имдодгарон дар вилояти Суғд як ноболиғи сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро, дар рӯди Сир аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.
Ҳамчунин, имрӯз, 23-юми июн аз Раёсати КҲФ вилояти Суғд ба “Азия-плюс” иттилоъ доданд, ки дирӯз, 22-юми июн як навраси 14-сола ҳангоми оббозӣ дар кули Бӯстон ғарқ шуда, ҷон бохтааст. Вале дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иттилои расмӣ надодааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки “аксари ин ҳодисаҳо (ғарқшавӣ-аз идора) аз риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ рух медиҳанд”
Бояд гуфт, ки бо оғози мавсими гармӣ аксари наврасон ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо риоя накарда, ба ҳалокат мерасанд.
Давоми панҷуним моҳи соли ҷорӣ танҳо дар вилояти Хатлон 49 нафар бар асари ғарқшавӣ дар обҳо ҷон бохтаанд, ки 40 нафари онҳоро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.





Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста