Дар кӯҳу теппаҳои шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистони вилояти Суғд сӯхтор сар задааст. Ин ҳодиса сокинони маҳаллиро нигарон кардааст, ки сӯхтор метавонад ба манзилҳои онҳо наздик шавад.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) гуфтанд, сӯхтор ин минтақаҳои кӯҳиро тасдиқ карданд ва гуфтанд, сӯхтор аз таллу теппаҳои минтақаҳои наздисарҳадии Ӯзбекистон гузаштааст.
“Сӯхтор 14-уми август соати 12:00 дар кӯҳу теппаҳои деҳаи Терекли ноҳияи Оҳангарони вилояти Тошканди Ӯзбекистон сар задааст. Бинобар назди сарҳади будани деҳаи мазкур, соати 16:00 сӯхтор ба кӯҳу теппаҳои шаҳраки Зарнисори вилояти Суғд гузаштааст”, - гуфтанд аз ин ниҳод.
Аз КҲФ гуфтанд, ба ҷои ҳодиса кормандони КҲФ дар вилояти Суғд ва аҳолӣ сафарбар шуда, якҷоя бо Хадамоти оташнишонӣ сӯхторро хомӯш кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Фирдавс Махсудзода, директори хоҷагии ҷангали вилояти Суғд дар як суҳбати телефонӣ гузаштани оташ аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба ҷониби Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, “дар байни сарҳад сой ҳаст ва тамоми алафу дарахатони хушкидаи назди сарҳадӣ тоза карда шуданд, то ки оташ ба ин тараф нагузарад. Ҳоло оташ дар он тарафи сарҳад хомӯш карда шудааст ва ягон хавф вуҷуд надорад”.
Навори сӯхтор, ки гуфта мешавад, дар кӯҳу теппаҳои шаҳраки Зарнисор аст, шоми дирӯз, 14-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва нигаронии корбаронро ба миён овард.
Қаблан, низ корбарони “Азия-Плюс” аз сар задани сӯхторҳо нигаронӣ ва аз минтақаҳое, ки сӯхтор ба амал омадааст, аксу навор ирсол карда буданд.
Дар пайи ин, Оҷонсии хоҷагии ҷангал дар нишасти матбуотии худ гуфт, имсол дар ҷангалҳои 9 шаҳру навоҳии кишвар сӯхтор сар зада, беш аз 434 гектарро фаро гирифтааст. Ба таъкиди онҳо, сабаби сӯхтор “баландшавии ҳарорати ҳаво ва бемасъулиятии бархе аз истироҳаткунандагон” мебошад.
Қаблан, Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон аз мавсими хавфи сӯхтор дар минтақаҳои кӯҳӣ хабар дода, гуфта буд, ки хавфи сӯхтор аз 15-уми апрел то 15-уми ноябр давом мекунад.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста