Тибқи иттилои ҳавошиносони кишвар, нимаи дуюми имрӯз, 13-уми сентябр, ҳавои кишвар чанголуд хоҳад шуд. Ҳавои чанголуд се рӯз боқӣ хоҳад монд.

Дар ин бораи Оҷонсии ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар дода, навиштааст, ки аз 13 то 16-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ҷанубии вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

Оҷонсии ҳавошиносӣ ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт худдорӣ намоянд.

Бояд гуфт, ҳавои ҷангу ғуборолуд ва хокборишҳо дар кишвар ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфта, сол аз сол бештар ба мушоҳида мерасанд. Коршиносон сабаби инро тағйирёбии иқлим ва ҳамчунин, бетаваҷҷуҳии мақомот ба унсурҳои пешгирикунандаи ҳавои ифлос, аз ҷумла буридани дарахтону сохтмони зиёди баландошёнаҳо медонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.