Субҳи 13-уми сентябр дар қисме аз бинои Театри миллии Тоҷикистон, ки ҳоло сохтмони он ҷараён дорад, сӯхтор сар задааст. Мақомот мегӯянд, оташгирӣ дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонии ин бино рух дода, гунаҳкор ва зарари расида муайян мешавад.

Аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сӯхтор соати 10:20 сар зада, кормандони оташнишонӣ онро дар муддати 1 соату 20 дақиқа хомӯш кардаанд.

“Фавран ба ҷойи ҳодиса 4 адад нақлиёти оташнишонӣ сафарбар карда шуд. Сӯхтор соати 10:40 иҳота карда шуда, соати 12:01 пурра хомӯш карда шуд. Сабаб, гунаҳгор ва зарари сӯхтор аз ҷониби мутахассисони соҳа муайян карда мешавад”,-гуфтанд аз ин ниҳод.

Навори сӯхтори театр нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ки таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард. Дар ин навор дида мешавад, ки аз бинои Театри миллӣ, ки сохтмони он идома дорад дуди ғализ боло мебарояд.

1/9

Тибқи иттилои расмӣ бинои Театри миллии Тоҷикистон 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминиро дарбар гирифта, баландии бино 34,5 метр хоҳад буд. Ҳоло дар сохтмони он 500 коргар фаъолият мекунанд.

Моҳи апрел ҳукумати кишвар барои идомаи сохтмони бинои Театри миллӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди муътадилгардонии рушди иқтисод 30 миллион сомонӣ пешбинӣ кард.

Бояд гуфт, ки хишти аввали бинои Театри миллии Тоҷикистон соли 2015 гузошта шуда, интизор меравад,  соли 2026-ум дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлол давлатӣ ба истифода дода шавад.

Дар ин миён, соли 2017 сохтмони ин бино бо сабаби ҷой доштани мушкилиҳои молӣ, боздошта шуд. Моҳи июли соли 2024 сохтмони Театр аз нав оғоз гардид.

Бояд гуфт, ахиран дар шаҳри Душанбе дар биноҳои навсохтмон ҳодисаҳои сӯхтор зиёд сабт мешавад. Чанде қабл дар Варзишгоҳи нави Душанбе, ки сохтмони он идома дорад, оташгирӣ сар зад. Мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки сӯхтор дар минтақаи ҷамъоварии қуттиҳои холии чӯбин, масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоте, ки истифода шудаанд, рух додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.