Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов як балони газ таркида, сабаби ҷароҳат бардоштани навраси 13-солаи ноҳия шудааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), ин ҳодиса рӯзи 14-уми сентябр дар хонаи Меҳроҷ Самадов, як сокини шаҳраки Меҳрободи ноҳияи мазкур “бо сабабҳои номаълум” рух додааст.
Мақомот гуфтаанд, ки сабаби инфиҷорро муайян мекунанд.
Наврасе, ки дар пайи ин ҳодиса ҷароҳат бардоштааст, ҳоло дар бемористон қарор дорад.
Бояд гуфт, ки сокинони рустоҳои Тоҷикистон барои омода намудани хӯрок аз балонҳои гази моеъ истифода мекунанд. Таркиши балонҳо дар гузашта ҳам рух дода буд ва сабаби захмиву дар баъзе ҳолатҳои марги сокинони гардида буд.
Аз ҷумла, моҳи майи соли 2023 бар асари таркиши балони гази моеъ дар нуқтаҳои тезтаёри назди бозори марказии ноҳияи Панҷ 28 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, 1 тани онҳо фавтида буд.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста