Пиряхи “Деҳдал”, ки чанде пеш пораи бузургаш канда шуда буд, ҳанӯз дар ҳаракат будааст. Оҷонсии ҳавошиносии кишвар рӯзи 5-уми ноябр хабар додааст, ки давоми се рӯзи охир ин пирях 72 метр ба поён ҳаракат кардааст.
Оҷонсӣ дар натиҷаи таҳлили аксҳои моҳвораии рӯзҳои 1-3-юми ноябр муайян кардааст, ки пирях то ба ҳол дар ҳолати номувозинатӣ буда, ҳаракати он идома дорад.
“Ин ҳолат эҳтимоли ба вуҷуд омадани кӯлҳои пиряхӣ ва хатари рахнашавии онҳо, тағйири таркиби оби дарёҳо ва таҳдид ба инфрасохтори поёноб, таъсир ба манбаъҳои оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ, афзоиши хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел ва ярчро дорад”, - навиштааст манбаъ.
Оҷонсӣ мегӯяд, ба далели вазъи ноустувори ҳаво ва заминларзаи охир (3-юми ноябр), ҳолати он пешгӯинашаванда арзёбӣ мешавад.
Бояд гуфт, рӯзи 25-уми октябр дар қаторкӯҳҳои “Пётри 1” дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод қисме аз пиряхи бузурги “Деҳдал” канда шуда, ба поён ҳаракат кард. Навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам паҳн гардида, таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ҷалб кард.
Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сабаби асосии канда шудани пораи пиряхи азими “Деҳдал”-ро “баландшавии ҳарорати ҳаво ва набудани боришот дар давраи тӯлонӣ” мегӯяд.
Ин ниҳод навиштааст, имсол дафъаи аввал рӯзи 19-уми сентябр ва сипас 25-уми октябри соли 2025 пиряхи Деҳдал ба ҳаракат даромадааст.

Мутахассисони Маркази яхшиносии Оҷонсӣ маълум кардаанд, ки аз пиряхи Деҳдал қисми бузурги ях бо дарозии 1300-1500 метр ва паҳноии 25-50 метр канда шуда, бо суръати 6 метр дар як сония ва ба масофаи 5100-5133 метр ҳаракат кардааст. Аммо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қаблан гуфта буд, ки дарозии ин пиряхи кандашуда ҳудудан 2 километр буда, баландиаш 25 метр ва паҳнои он 150-200 метр аст.
Пиряхи “Деҳдал”
Пиряхи ҳаракаткунандаи “Деҳдал”-и ҳавзаи дарёи Сурхоб дар нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи “Пётри 1” дар баландии 4600 метр аз сатҳи баҳр сарчашма мегирад ва забонаи он дар баландии 3000–3050 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дарозии он ба 4,8 км ва масоҳаташ ба 1,6 км² баробар аст.
Пиряхи “Дехдал” ба навъи пиряхҳои ҳаракаткунандаи дохилӣ шомил шуда, суръати ҳаракати он аз якчанд сантиметр то якчанд метр дар як сонияро метавонад ташкил диҳад.
Аз пирях дарёчаи Сафедоб ҷорӣ мешавад. Дарозии ин дарёча ба 12-14 км баробар буда, яке аз шохобҳои чапи дарёи Сурхоб ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир 100 пирях пурра аз байн рафтааст. Дар Тоҷикистон айни ҳол “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” амалӣ мегардад.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста