Бархе аз сокинони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич аз ҳамлаи гургҳо ба оғил ва талафи чорвояшон нигаронӣ мекунанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, то ҳол як гург ҳудуди 10 гӯсфанди сокинони деҳаро дарондааст.
Махфират Қурбонова, як сокини деҳаи Басманда дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, шаби 22-уми ноябр ба оғилаш гург ворид шуда, 5 гусфандашро нобуд ва чанд чорвои дигарашро захмӣ кардааст.
Ӯ гуфт, онҳо танҳо субҳ вақте ба оғил рафтанд аз ҳодиса огоҳ шуданд.
Оилаи ин зан солҳои зиёд ба парвариши гусфанд машғул аст, ва ба гуфтаи ӯ бори аввал гусфандонаш бо ин шева талаф ёфтаанд.
“Ба оғил рафтем, ки 5 сар гусфанд мурдагӣ аст. Шаштои дигараш захмӣ аст. Чор тарафаи ҳавлиямон даворбандӣ аст, дарвоза қулф, аммо намедонам як гург ё галаи гургҳо бошанд ба воситаи ҷуйбор вориди оғил шудаанд. Дер шуда бошад ҳам роҳи ҷуйборро маҳкам кардему ба ҳавлӣ як саг оварда бастем”, - гуфт Махфират Қурбонова.

Дар ҳамин ҳол, Ҳаётулло Ғафуров, раиси деҳаи Басманда гуфт, аз ҳамлаи гургҳо ба чорвои мардум хабар дорад ва ба иттилои ӯ ҳамагӣ як гург ба деҳа фуромадааст.
“Гурги танҳо аз шаби 22 то имрӯз ба оғили Махфират Қурбонова ва Баҳриддин Усмонов даромада, 10 гусфандро куштаву чанд адади дигарашро захмӣ кардааст. Ҳоло ба мо дақиқ нест, ки гург баргашта ба куҳ рафтааст ё то ҳол дар деҳа аст”, - гуфт раиси деҳаи Басманда.
Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба чоравои аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳамасола аз ҳамлаи хирсу гург даҳҳо чорво ба ҳалокат мерасанд. Ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳамчунин, ба сокинони минтақҳои кӯҳии кишвар низ ҳамла карда, онҳоро захмӣ ва гоҳо ба ҳалокат расонида буданд.
Аз ҷумла, моҳи июли соли равон дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан чанд хирс ба чорвои сокинон ҳамла карда, беш аз 20 гову гусолаи аҳолиро нобуд карда буд.
Ҳамчунин, зимистони соли 2023 низ як гурӯҳ сокини ноҳияи Мастчоҳ аз ҳамлаи гурҳо ба чорвоҳояшон нигаронӣ карда, чанд навори гуштугузори гургҳо дар деҳа нашр карда буданд.





Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста