Як шаҳрванди Қирғизистон баъди се рӯзи бистарӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд рӯзи 29-уми ноябр даргузашт. Ӯ рӯзи 26-уми ноябр дар пайи фурӯ рафтани пораи ангишт дар яке аз конҳои ангишти деҳаи Андароки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ буд.
Ҷамшед Содиқов, духтури шӯъбаи наҷот ва беҳискунии Беморхонаи клиникавии №1 шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, ин мард Муҳаммаалӣ Абдупаязов, сокини 29 солаи деҳаи Андароки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон буд.
Ӯ шоми рӯзи 26-уми ноябр баъди осеби ҷиддӣ бардоштан дар кони ангишти зодгоҳаш, аз сабаби наздик будани роҳ, дар ҳолати вазнин ба ин беморхона интиқол ёфт ва таҳти назорати духтурон буд.
Табиб гуфт, дар пайи ба болояш афтодани пораи ангшишт аксари устухонҳои камару дасту пой ва сари ин мард шикаста буд.

“Бемор беҳуш ва дар ҳолати шок қарор дошт. Духтурон ҳамаи корро карданд,то ӯро наҷот диҳанд, вале осебҳои бемор ҷиддӣ буд ва умеди зинда монданаш кам буд. Абдупаязов се рӯз дар Шӯъбаи наҷот ва беҳискунии беморхона дар ҳоли беҳушӣ қарор дошт, аммо санаи 29-уми ноябр даргузашт”, - гуфт духтур.
Деҳаи Андароки ноҳияи Лайлаки ин кишвар, ки бо ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. Аҳолии ин деҳа аксаран барои табобату муолиҷа ба Тоҷикистон меоянд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чандин соли нофаҳмиҳо, ки боиси даргирӣ ва қурбонии садҳо нафар аз ду ҷониб шуд, ниҳоят дар масъалаи баҳси мушаххассозии сарҳад ба созиш расиданд.
Ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 соли ахир баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуд.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста