Як гург ба ду чӯпони маҳаллӣ дар ноҳияи Деваштич ҳамла карда, онҳоро захмӣ кардааст. Онҳо дар Беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ мебошанд. Ҳодиса 28-уми ноябр дар саҳро рӯх дода, захмиён Айниддин Тоҷибоев ва Хурсандмурод Олимов, сокинони деҳаи Қалъаи дӯсти ҷамоати деҳоти Ваҳдат мебошанд.
“Хостам гургро аз наздик бинам”
Айниддин Тоҷибоев, яке аз ҷабрдидаҳо дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ҳангоми чаронидани гусфандон дар саҳро гургро дида, ба сӯи ӯ рафт.
“Ҳисси кунҷковиям боло гирифту тарафи гург рафтам то аз наздик бубинам. Нишаста ба гург нигоҳ мекардам, ки якбора гург ҳамла кард. Аз тарс бо коррди дастам, ба бадани гург чанд корд задам”, - нақл кард ӯ.
Ба гуфтаи Тоҷибоев, дар ин ҳолат шарикаш Хурсандмурод Олимов ба кӯмак шитофт, аммо гург ӯро низ захмӣ кард.
Бо вуҷуди захмӣ шудан, онҳо бо истифода аз корд ва асои чупонӣ гургро куштаанд.
Айниддин Тоҷибоев мегӯяд, давоми 10 соли чӯпонӣ бори аввал бо гург рӯ ба рӯ шудааст.

Солеҳ Авзалзода, мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” гуфт, Айниддин Тоҷибоев ва Хурсандмурод Олимов бо ҷароҳатҳои вазнин дар рӯй, пешонӣ ва даст дар беморхона бистарӣ шуданд.
“Вазъи саломатии Айниддин Тоҷибоев вазнинтар буд ва ӯро дар шуъбаи эҳёгарӣ ҷо кардем. Ҳарду дар як вақт муроҷиат карданд ва осори захми дарранда ҷой дошт”, - гуфт ӯ.
Табиб зикр кард, ки ба беморон сӯзандору ва мояи зиддиҳорӣ гузаронида шудааст ва давоми се рӯзи табобат беҳбудӣ дида мешавад.
Ин ҳодисаи дуюми ҳамлаи гург ба сокинон ва чорвои онҳо дар даҳаи охири моҳи ноябр дар ноҳияи Деваштич аст. Рӯзи 22-юми ноябр гург беш аз 10 чорвои сокинони деҳаи Басмандаро кушта, чанд чорвои дигарро захмӣ карда буд.
Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳамасола аз ҳамлаи хирсу гург даҳҳо нафар захмӣ ва ё кушта мешаванд. Аз ҷумла, соли 2019 ду зан дар ноҳияи Шуғнон дар пайи ҳамлаи гурон кушта шуда буданд.
Ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳамчунин, ба сокинони минтақҳои кӯҳии кишвар низ ҳамла карда, онҳоро захмӣ ва гоҳо ба ҳалокат расонида буданд.





Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста