Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз дар оташдонҳои махсуси корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» беш аз ду тонна маводи мухаддири аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъавовари назди президенти ҷумҳурӣ мусодирагардида сӯзонида шуд.
Тавре хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ медиҳад, дар оташдонҳо беш аз ду тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 390 кило ҳероин, беш аз 622 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ва зиёда аз 1 тонна афюн нобуд гардид.
Ин миқдор маводи мухаддир чун далели шайъӣ зимни тафтишоти 148 парвандаи ҷиноӣ истифода гардида, нисбат ба онҳо ҳуқми додгоҳӣ содир шудааст.
Тибқи маълумот, аз оғози фаъолияти агентӣ беш аз 10 тонна маводи мухаддир нобуд карда шудааст, ки беш аз 4 тоннаи онро маводи сахттаъсири ҳероин ташкил медиҳад.



Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста