Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Шаҳрванди Тоҷикистон Анварҷон Қаюмови 41-сола, сокини шаҳри Исфара, ки барои содир намудани як қатор ҷинояти вазнин дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз тарафи мақомоти интизомии ин кишвар боздошт гардидааст, ба дасти мақомоти амниятии Тоҷикистон супорида мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар хабар доданд, мувофиқа дар бораи таслими Қаюмов ба Тоҷикистон моҳи ноябри соли равон дар ҷараёни мулоқоти кормандони мақомоти амниятии ду кишвар ҳосил шуд. Гуфта мешавад, ки Анварҷон Қаюмов сарварии созмони ғайриқонунии
Ҷ
унбиши Исломии
Ӯ
збакистон-Туркистонро дар ноҳияи Исфара бар ӯҳда доштааст.
Ба гуфтаи манбаъ, мақомоти амниятии тоҷик имрӯз ба ҳамтоёни афғони худ, рӯйхати ному насаби афродеро аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон медиҳанд, ки дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштору қочоқи маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд. Хотиррасон мекунем 24-уми декабри соли равон дар Душанбе Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба Созишнома байни
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон ва
Ҷ
умҳурии Исломии Афғонистон дар бораи таслими маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи
ҷ
азо ба имзо расид.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста