Дар Душанбе шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон бо маводи мухаддир боздошт гардиданд
12:04, 5 январ, 2009Муаллиф: Ðваз Юлдошев
Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон миқдори нахустини маводи мухаддирро мусодира карданд. Чанде қабл дар натиҷаи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, зимни кофтукови манзили зисти муваққатии шаҳрванди боздоштшуда дар шаҳри Душанбе ба миқдори 2 килову
530 грамм
маводи сахттаъсири ҳероин ва
1,4 грамм
маводи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, маводи мухаддир дар 278 бастаи селлофанӣ ҷой карда шуда, барои интиқол дар дохили меъда ба хориҷи кишвар пешбинӣ шуда будааст. Ҳамчунин зимни баргузории амалиёти дигар шарики ӯ - шаҳрванди Афғонистон Ҳоҷӣ Ғулом валади Ҷӯрахон низ боздошт шудааст. Аз рӯи ин далелҳо дар шӯъбаи тафтишоти агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, гумонбаршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии агентӣ қарор доранд.
Ба модари Қобилҷон хона доданд. Пайвандонаш гуфтанд, барои ҷамъоварии кумак суратҳисобе амал намекунад
Филми “Дов” бори аввал оммавӣ мешавад
Ҳузури президент, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, форум ва консерти муштарак. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон чӣ гуна мегузарад?
Кортҳо зери назорат: чӣ гуна Душанбе Сити Бонк истифодаи кортҳо аз ҷониби бегонаҳоро пешгирӣ мекунад?
Дар Душанбе барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ маркази омӯзиши забони кореягӣ боз шуд
Нархи гӯшт дар кишвар чӣ гуна муайян мешавад ва чаро ҷаримаи гӯштфурӯшон мушкилро ҳал намекунад?
Даҳ варзишгари беҳтарини соли 2025 аз нигоҳи Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон
Ба Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой тақдим шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Медал”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди нерӯи барқ қабул шуд. Вазъи таъмини барқ беҳтар мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста