Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Соли гузашта дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 6 тонна маводи мухаддир мусодира карда шуд, ки миқдори зиёди он – 3 тоннаву 381 килояш маводи мухаддири гурӯҳи афюн (1 тоннаву 636 кило ҳероин, 1 тоннаву 745 кило афюн ва 1 тоннаи дигар маводи ин гурӯҳ), 2 тоннаву 700 килояш маводи мухаддири гурӯҳи каннабис буда, 173 килои онро прекурсорҳои истеҳсоли ҳероин ташкил медиҳанд.
Тавре аз Маркази таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли 2007 нисбатан камтар – 5 тоннаву 270 кило маводи мухаддир мусодира гардида буд.
Ба иттилои манбаъ, соли 2008 аз ҷониби кормандони Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ - 2 тоннаву 700 кило, Агентии назорати маводи нашъаовар – 1 тоннаву 316 кило, марзбонон -
1 тоннаву 133 кило, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ - 841 кило ва хадамоти гумруки ҷумҳурӣ - 91 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд.



“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста