Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Соли 2008 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли пешин 3,8 дарсад камтар аст.
Дар нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки аз ҷиноёти содиршуда 302 ҳодиса ҷиноятҳои вазнин буда, он нисбат ба соли 2007 ба андозаи 1,4 дарсад коҳиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти додситонии кулл, соли 2008 ҷиноёти марбут ба одамкушӣ ба андозаи – 23,4, ғоратгарӣ - 12, бо истифода аз силоҳи оташфишон – 45,5, ҷиноёти гурӯҳӣ - 46 ва ҷиноёти содиршуда аз ҷониби ноболиғон – 18 дарсад камтар шудааст.
Додситони кулл қайд кард, ки соли гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 25 ҷиноят содир шудааст, ки он асосан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир марбут аст.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар 244 ҷиноят содир намудаанд, ки аксари он ба Русия рост меояд.
Б.Бобохонов таъкид сохт, ки тавассути нзорати умумӣ аз ҷониби сохторҳои Додситонии кулл беш аз 137 млн. сомонӣ зарар ҷуброн карда шудааст, ки 91,255 млн. сомонии он ба буҷаи давлатӣ равона гардидаанд.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста