Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 28 узви фаъоли ҳаракати ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон раиси Суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев хабар дод ва изҳор дошт, ки соли гузашта ин шумора ба 26 нафар баробар буд.
Ёдрас мекунем, ки фаъолияти ҳизби мазкур дар Тоҷикистон соли 2001 мамнӯъ эълон гардид ва моҳи марти соли гузашта ин ҳизб ҳамчун ҳаракати ифротгаро эътироф карда шуд.
Раиси Додгоҳи Олӣ қайд кард, ки барои таъмини амнияти миллии кишвар аз ҷониби додгоҳ як
қатор қарорҳои муҳим, аз ҷумла моҳи сентябри соли гузашта манъ сохтани фаъолияти ҳаракати христиании «Шоҳидони Яҳво» ва аввали соли ҷорӣ қатъ сохтани фаъолияти равияи «Салафия» қабул шуданд. «Агар намояндагони дигар ҳизбу ҳаракатҳо нисбати қарорҳои додгоҳ вокуниш нишон дода бошанд, аз ҷониби равияи «Салафия» алҳол чунин амал сурат нагирифтааст», - афзуд Н.Абдуллоев.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста